Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бернанке дубора вазири дороӣ пешбарӣ шуд


Президент Барак Обама Бен Бернанкеро дубора вазири дороии Амрико муаррефӣ кард. Обама таътилоти худро дар ҷазираи Массачусетс қатъ кард ва дар ҳоле, ки Бен Бернанке дар паҳлӯяш қарор дошт, вайро вазири дороии Амрико муаррефӣ намуд.
Вай гуфт:

"Бен дар марҳалаи суқут ба низоми молӣ орому хирадмандона, ҷасурона бархӯрд кард ва иқтисоди моро аз суқут нигаҳ дошт".

Бернанке баҳра аз саҳмияҳоро ба сифр расонд ва ба бозорҳои молӣ садҳо миллиард доллар рехт то аз бӯҳрони молӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд. Вай ба ин мақом барои 4 соли дигар таин мешавад ва номзадии вайро бояд сенат ба тасвиб расонад.
XS
SM
MD
LG