Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербҳо ва албаниҳо дар Косово ба ҳам бархурданд


Имрӯз дар шимоли Косово миёни сербҳо ва албанитаборон задухӯрд ба амал омад ва то замони мудохилаи нируҳои посдори сулҳи Иттиҳодияи Аврупо 7 нафар дар ин задухӯрдҳо ҷароҳат бардоштанд. Пулис мегӯяд, задухӯрд замоне рух дод, ки тақрибан 100 нафар серб бар зидди бозсозии хонаҳои албанитаборон дар деҳе дар шимоли Косово ба тазоҳуроти эътирозӣ бархостанд. Ин хонаҳо дар давраи ҷанги солҳои 1998-1999 сохта шуда буданд. Ҷонибҳо ба сӯи якдигар санг меандохтанд ва пулис талош дошт онҳоро аз ҳам ҷудо кунад. Нируҳои посдори сулҳи Иттиҳодияи Аврупо дар Косово ба сӯи тазоҳуркунандагон гази ашковар партоб ва низомро барқарор карданд.
XS
SM
MD
LG