Пайвандҳои дастрасӣ

Дафтари Обама тасмим гирифт, бори дигар ба барномаҳои ҳукуматӣ дар бораи гузашта ва ояндаи бозпурсиҳои афроди машкук ба терроризм мурур кунад.

Ба ин бозрасиҳо, ҳамчунин, наҳваи бозпурсии афроди машкук аз сӯи кормандони CIA низ дохил мешавад, ки дар давраи раёсатҷумҳурии Ҷорҷ Буш анҷом гирифтааст.

Эрик Ҳолдер, вазири адлияи Амрико эълон кард, ки барои расидагӣ ба шикоятҳои марбут ба азияту озори маҳбусон ба дасти афсарони истихборотӣ ё сарбозони қарордодӣ дар давраи ҳукумати Ҷорҷ Буш як додситон таъин шудааст.

Солҳои ҳукумати Ҷорҷ Буш ба унвони солҳое арзёбӣ мешаванд, ки раисҷумҳур ва дафтари вай аз шеваҳои бераҳмонаи бозпурсии афроди машкук ба терроризм, аз қабили нигоҳ доштан дар зери об барои ба даст овардани маълумоти зарурӣ кор мегирифтанд.

Дар бораи шеваҳои чунин бозпурии афроди машкук аз сӯи кормандони Созмони истихборотии Амрико, ки бо номи CIA машҳур аст, ахиран дафтари бозрасони Амрико гузорише ба нашр расонд. Ин гузориш соли 2004 навишта шудааст, вале то ҳол Шӯрои озодиҳои шаҳрвандии Амрико талош дошт барои нашри он ҳукуматро мутақоид созад.

Александр Ардо, яке аз кормандони ин муассиса аст, ки дар тарҳи амнияти миллӣ саҳм дорад: "Ҳадаф ин аст, ки ба қонуншиканиҳои 8 соли гузашта ҳарчӣ бештар рӯшанӣ андохта шавад. Мо ҳам умедворем, ки бо чунин шаффофият мо ба ҷавобгарӣ мерасем. Он гуна, ки раисҷумҳур баъд аз чанд рӯзи гирифтани зимоми ҳукумат гуфт, шаффофият бахши бузурге аз ҷавобгарист ва ҷавобгарӣ барои мавҷудияти демократия муҳим аст".

Дар гузориши соли 2004-и Дафтари бозрасони умумӣ таъйид шудааст, ки афсарони CIA ва сарбозони хусусии қарордодӣ бо зиндониён аъмоли таҳқиромез анҷом додаанд ва онҳоро бо зӯр ё аслиҳа ба ваҳшат андохтаанд.

Дар гузориш омадааст, бозрасон ба созмондиҳандагони ҳодисаҳои террористии 9-уми сентябр, аз ҷумла ба Холид Шайх Муҳаммад гуфтаанд, ки фарзандони вай кушта мешаванд. Ба яке дигар аз гумонбарони терроризм гуфтаанд, ки дар пеши чашми вай бо аъзои хонаводааш таҷовузи ҷинсӣ анҷом медиҳанд.

Таҳдиди гумонбарон ба марг хилофи қонуни Амрикост. Қонун ҳамчунин шеваҳоеро, ки дар солҳои гузашта аз он кор гирифтаанд, мамнӯъ медонад, ки ба он аз ҷумла урён кардани зиндониён, таҳдид бо туфанг ё бо саг ва дар зери оби ҷӯш ё сард нигоҳ доштани онҳо дохил мешавад.

Дар оғози соли ҷорӣ президент Барак Обама ёддоштҳоеро ифшо сохт, ки чӣ тарз ҳукумати Ҷорҷ Буш ба кормандонаш иҷоза додааст, ки барои бозпурсӣ аз "шеваҳои пешрафта" истифода кунанд. Аммо Обама гуфт, ки кормандони CIA набояд ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд, зеро онҳо дастурро иҷро кардаанд.

То ҳол CIA дар посух ба гузориш дар бораи азияту озори зиндониён аз сӯи кормандонаш ҳангоми бозпурсӣ вокуниш нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG