Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагиҳо барои анҷоми маросими ҳаҷ, зиёрати хонаи Худо дар Тоҷикистон оғоз шудааст.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ягона ниҳоди расмист, ки масъулияти омодагӣ ба маросими ҳаҷ, мусофират ва бозгашти зоиринро ба дӯши худ гирифтааст. Ба тафовут аз солҳои қаблӣ имсол ба хотири танзими ин раванд дар пойтахти кишвар ва бархе аз навоҳии атрофи он ки хоҳишмандони зиёрати хонаи Худо ба маротиб бештаранд, низоми навбат ҷорӣ шудааст. Ва яке дигар аз тағйирот дар маросими ҳаҷҷи имсола эмкунии ҳатмии иштиёқмандони ин сафар барои бемории зукоми хукӣ аст, ки Арабистони Саудӣ тақозо кардааст.

Шумори хоҳишмандони зиёрати хонаи Худо дар бархе аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба ҳадде афзоиш ёфтааст, ки мақомот ногузир шудаанд, онҳоро дар навбат бигзоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қарордоди мавҷуда миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ солона барои панҷ ҳазор тан аз атбои тоҷик анҷоми ин фаризаи динӣ иҷоза дода шудааст.

Абдуғаффор Юсуфов, мудири шӯъбаи ҳаҷ ва зиёрати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, дар бархе аз шаҳру навоҳӣ шаҳрвандон барои адои маросими ҳаҷ то соли 2012 номнавис шудаанд. Оқои Юсуфов гуфт, ба ин манзур, айни замон дар идороти шаҳру навоҳии кишвар дафтари махсусе бо мӯҳр ва имзои раиси ноҳия боз шудааст.

Оқои Юсуфов мегӯяд, ин таҷриба дар бархе аз кишварҳои дигари мусалмонӣ, ба мисли Туркия ва Эрон низ истифода шудааст ва барои мисол дар бархе аз шаҳрҳои Эрон шаҳрвандон то панҷ сол мунтазири расидани навбат ҷиҳати тавофи Каъба меистанд. Оқои Юсуфов гуфт, дар ин кишварҳо шаҳрвандон то 60 дарсади маблағи мусофирати ҳаҷро аз қабл пардохт мекунанд ва шояд ин таҷриба дар солҳои наздик дар Тоҷикистон низ мавриди истифода қарор гирад.

Зимнан, маблағи умумии сафари ҳаҷи имсола 3315 доллар ва дар муқоиса бо соли гузашта наздики чаҳорсад доллар бештар муқаррар шудааст. Аммо масъули шӯъбаи ҳаҷи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ин маблағи ниҳоӣ нест ва шояд бо назардошти бархе аз шароите, ки Арабистони Саудӣ пешниҳод кардааст, боло равад.

Парвози зоирини тоҷик ба шаҳри Ҷидда аз Хуҷанд ва Душанбе анҷом мегирад, ки масъулияти онро ширкати «ТоҷикЭйр» бар ӯҳда гирифтааст. Қарор аст, нахустин парвоз дар рӯзи шашуми ноябри соли равон сурат бигирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG