Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҳайати расмӣ аз Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сарҳанг Сафиаллоҳ Девонаев ба Арабистони Саудӣ рафт.

Ҳадаф аз ин сафари омӯзиши бозори кор дар Арабистони Саудӣ ва таҳқиқи имконияту шароити дар ин бозор пайдо кардани ҷои по барои муҳоҷирони тоҷик аст, ки феълан аксари куллашон рӯзии худро аз бозори Русия меҷӯянд.
"Мо рад кардем ва гуфтем, ки агар занонро ба кор даъват кардан мехоҳед, бояд ҳампроҳи шавҳаронашон бираванд...

Бино ба оморҳо, беш аз нисфи 7 миллион ҷамъияти Тоҷикистон дар зери хатти фақр ба сар мебарад ва сеяки аҳолии қобили кори ин кишвар ба хотири пайдо кардани ҷойи кори муносиб ва маоши шоиста ҳар сол худро ба хориҷ ва умдатан ба бозори кори Русия мезанад.

Теъдоди муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия, бино бар эътирофи ахири вазири умури дохилии Тоҷикистон, Абдураҳим Қаҳҳоров, наздики 800 000 нафарро ташкил медиҳад, ҳарчанд созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирин тоҷик дар Русия шумори чунин муҳоҷиронро то ба ҳадди як ва ҳатто якуним миллион нафар дар сол баровард мекунанд.

Бонки ҷаҳонӣ дар як гузоришаш ҳаҷми пулеро, ки муҳоҷирони тоҷик солона аз хориҷ ва умдатан аз Русия ба ватан мефиристанд, баробари 36 дарсади маҷмӯъи даромади нохолиси миллии Тоҷикистон баровард карда буд.

Оморҳои бонкӣ ҳаҷми пули ба Тоҷикистон таҳвилдодаи муҳоҷиронро дар соли гузашта дар ҳудуди 2 миллиард доллар баровард мекунанд, вале бино бар интизорот, имсол гумон аст, ки ин рекорди соли гузашта дубора фатҳ шавад.

Асароти бӯҳрони молӣ, ки иқтисоди Русияро ба ҳоли рокид даровард ва мунҷар ба коҳиши қобили мулоҳизаи теъдоди ҷойҳои корӣ дар он кишвар шуд, пеш аз ҳама ва шояд беш аз ҳама ба муҳоҷирони хориҷӣ зарба зад ва аллакай шумори бузурге аз муҳоҷирони тоҷикро низ дар Русия аз ҷойи кор ва ҳадди ақал аз маоши хуб маҳрум кардааст.

Мақомоти Душанбе дар чунин шароит бошитоб дар фикри пайдо кардани бозорҳои нави кор барои муҳоҷиронаш шудааст. Аз ҷумла дар кишварҳои арабӣ. Ва сафари ҳайъати хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ аз ҳамин зовия қобили арзёбист.

Боймуҳаммад Раҷабов, мудири шӯъбаи муҳоҷирати беруна дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сафари ҳайати Тоҷикистон ба Саудия дар посух ба боздиди соли гузаштаи Кумиссиюни миллии Арабистони Саудӣ дар умури таъмини муҳоҷирони хориҷӣ бо ҷои корист, ки соли гузашта дар Душанбе бо мақомоти зирабти Тоҷикистон як ёддошти тафоҳум низ имзо карда буд.

Ҷаноби Раҷабов тасдиқ кард, ки тарафи Саудия пешниҳод карда буд, асосан занон барои корҳои пешхидматӣ ва доягӣ фиристода шаванд. "Мо рад кардем ва гуфтем, ки агар занонро ба кор даъват кардан мехоҳед, бояд ҳампроҳи шавҳаронашон бираванд."

Тарафи Саудия дар ҳоли баррасии ин масъалаҳо будааст ва сафари ҳайати Тоҷикистон эҳтимолан бо ҳалли мушаххасе хоҳад баргашт.

Гуфтугӯ бо Боймуҳаммад Раҷабовро дар гӯшаи "Чандрасонаӣ" бо пахш кардани рамзи радио бишнавед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG