Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бар тибқи як лоиҳа аз омӯзиши курси ғаввосӣ дар вилояти Суғд хабар додааст.

Худойбердӣ Қодирбердиев, муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд, дар ин робита гуфт, муҳассилини мактаби наҷотдиҳӣ машқҳои таҷрибавии худро дар наздикии рӯди Сир ва обанбори Қайроққум доир кардаанд. Дар ҷойҳое, ки маъмулан макони ғарқшавии сокинони Суғд маҳсуб дониста мешавад. Муовини сардои ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Суғд гуфт, курси наҷотдиҳиро 15 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар шаҳру вилоятҳои Суғду Хатлон, кӯҳистони Помир ва аз ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи водии Ҳисор ва шаҳри Душанбе ба итмом расонидаанд.

То имрӯз ягона наҷотдеҳ дар бахши кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Суғдро Олег Бошкаров будааст. Аз сабаби камбуди мутахассис ҳодисаҳои ғарқшавии сокинон дар Сирдарё ва обанбори Қайроққум зиёд мушоҳида мешавад. Мурод ном ҷавон мегӯяд, ғарқшавӣ ва маргумири ҷавонон бар асари оббозӣ шавқи ӯро аз оббозӣ дар тобистон дур кардааст.

Сабаби дигари афзоиши ҳолатҳои ғарқшавӣ дар Суғд дар он будааст, ки ҷавонон дар ҷойҳои мамнӯъ барои шиноварӣ ба дарё ворид мешудаанд. Шарофат ном бону мутаассиф аз он аст, ки аз сабаби набуди ҳавзҳои вижаи шиноварӣ ҷавонон лоилоҷ ба дарё рӯ оварда, ба ҷони худ хатар эҷод мекунанд.

Теъдоди расмии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар дарёву обанборҳоро масъулини ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Суғд 23 адад хонда, гуфтаанд, 21 нафар наҷот дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG