Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ислоҳталабонро муҳокима мекунад


Имрӯз Эрон чанд нафари дигар аз ислоҳталабонро, ки баъд аз эълон натиҷаҳои зиддунақизи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар бораи пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинежод боздошт шуда буданд, ба мурофиаи додгоҳ кашонд. ИРНО-хабаргузории расмии Эрон навиштааст, чанд нафар аз мақомоти расмии дафтари Муҳаммади Хотамӣ-раиси ҷумҳури собиқ дар додгоҳ муҳокима мешаванд. Дар миёни онҳо Мустфо Тоҷзода-собиқ муовини вазири умури дохила, Муҳсин Аминзода-собиқ муовини вазири умури хориҷа, Абдуллоҳ Рамазонзода-собиқ сухангӯи давлат ва Киён Тоҷбахш-донишманди эронитабори Амрико ҳастанд. То ҳол Эрон ҳудуди 140 нафарро, ки баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот ба тазоҳурот баромада буданд, муҳокима кардааст. Раҳбарони мухолифон аз ин муҳокимаҳо ба унвони "муҳокимаҳои намоишӣ" интиқод кардаанд.
XS
SM
MD
LG