Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии андаки Карзай аз Абдуллоҳ


Пас аз шумориши 10 дарсади раъйҳо, раисиҷумҳур Ҳомид Карзай 40,6 ва рақиби асосии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ 38,7 дарсад раъй гирифтаанд.

Ин эълони Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон дар чаҳорчӯби қисм ба қисм эълон кардани натиҷаҳои раъйдиҳии 20-уми август садо дод. Қарор аст натиҷаҳои пешакӣ то рӯзи 3 ва ниҳоӣ то 17 сентябр эълон шаванд.
"Тақаллуб дар интихобот метавонад ба афзоиши ташаннуҷ ва зӯровариҳо сабаб гардад...


Сухангӯи ин кумиссиюн Довудалии Наҷафӣ гуфт, аз 524 444 раъйи боэътибор, Карзай 212 927 ва Абдуллоҳ 202 889 раъй гирифтаанд. Аз номзадҳои дигар Рамазони Башардӯст ва Ашраф Ғанӣ як шуморе аз раъйҳоро ба даст овардаанд.

САБҚАТИ НАВ?

Президенти феълӣ, Ҳомид Карзай пешсафии андаке дорад.
Натиҷаҳои аввалин дар ҳоле садо медиҳанд, ки ҳам Карзай ва ҳам Абдуллоҳ худро ғолиби ин сабқат мешуморанд. Тарафдорони Карзай мегӯянд, Абдуллоҳ бояд ба шикасти хеш иқрор кунад ва тарафдорони Абдуллоҳ мегӯянд, Карзай бояд имкони тарки кохи раёсатҷумҳуриро дар мадди назар дошта бошад.

Ҳаводорони Карзай эҳтимоли тақаллуб дар интихоботро ночиз мешуморанд, аммо тарафдорони Абдуллоҳ аз хилофкориҳои густарда изҳори нигаронӣ мекунанд. Ҳамзамон Абдуллоҳ аз ҳаводоронаш хостааст, оромиро ҳифз намуда, ба таҳрикҳо дода нашванд ва эҳсоси масъулият кунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, баҳсҳои интихоботӣ метавонанд боиси қисмат шудани ҷомеа аз рӯйи мансубиятҳои қавмӣ шавад.

ИЗҲОРОТИ ШАШГОНА

Се соат пеш аз эълони бахше аз натиҷаҳои аввалин, шаш номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳушдор доданд, ки иттиҳомоти тақаллуб дар интихобот метавонад, қонунмандии онро халалдор кунад ва ба хушунатҳо сабаб гардад.
Шаш номзад мегӯянд, интихобот озод, одилона ва шаффоф набуд. Кобул, 25-уми августи соли 2009.

Дар ин изҳорот аз даҳҳо қонуншикание ёд мешавад, ки ба гуфтаи муаллифони он, метавонанд, ба натиҷаҳои интихобот таъсир дошта бошанд, биноан, меафзоянд, номзадҳои мӯътариз, "бисёриҳо ба таври хеле ҷиддӣ қонунмандӣ ва боварбахшии натиҷаҳои чунин интихоботро зери шубҳа мебаранд."

Яке аз имзокунандагони изҳорот, Мирвайси Ёсинӣ, дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт: "Вақте нозирон рӯзи дигар раъйҳоро хостанд, аллакай раъйҳо ман он ҷо набуданд. Дирӯз буданд, имрӯз нестанд."

"Тақаллуб дар интихобот метавонад ба афзоиши ташаннуҷ ва зӯровариҳо сабаб гардад," навиштаанд номзадҳо дар изҳороти хеш ва афзудаанд, бояд аз тарафи Кумиссиюни мустақили интихобот ва нозирони байнулмилалӣ "ба ин мушкилот расидагӣ шавад."

Аммо сухангӯи Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон, Нурмуҳаммади Нур мегӯяд, ин шикоятҳо ба натиҷаҳои умумии интихобот таъсири муҳиме нахоҳанд дошт.

790 ШИКОЯТ


Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, наздик ба 250 мавриди тақаллуб интихоботро халалдор кардаанд.
Ҳамаи муаллифони ин изҳорот номзадҳое мебошанд, ки имкони пирӯзияшон дар сабқат хеле маҳдуд буд. Саршиностарини онҳо таҳсилкардаи Ғарб ва собиқ вазири молия Ашраф Ғанист, ки барояш пешниҳод шудааст, дар ҳукумати президенти ояндаи Афғонистон вазифаи "сарвари дастгоҳи иҷроия"-ро бар ӯҳда бигирад ва ба фаъолияти ҳамарӯзаи ҳукумат раҳбарӣ кунад.

То изҳороти шашгона асосан тарафдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ вазир умури хориҷии Афғонистон ва рақиби асосии президенти феълӣ Ҳомид Карзай дар интихобот аз хилофкориҳои густарда шикоят мекарданд.

Кумиссиюни ҷудогонаи таҳқиқи шикоятҳо гуфтааст, ба баррасии 790 шикоят пардохтааст. Аз инҳо 54 маврид асосӣ шумурда мешаванд, ки дар ҳолати исботи дурустияшон метавонанд ба натиҷаҳои интихобот таъсир гузоранд.

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, Кай Эйде бо ишора ба эҳтимоли бархе аз хилофкориҳо, аз номзадҳои интихобот ва тарафдорони онҳо хост, сабур бошанд ва бигузоранд, ки кумиссиюни таҳқиқи шикоятҳои интихоботӣ айбномаҳои таққалубро пажӯҳиш кунад.

ДУМБОЛА ДОРАД

Корманди аршади Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон, Довудалии Наҷафӣ гуфт, натиҷаҳое, ки имрӯз эълон шуданд, ҷамъбасти насздик ба 10 дарсади раъйҳо мебошанд ва мусалламан пагоҳу рӯзҳои дигар тағйир хоҳанд кард.

Аммо дар робита ба ҳушдорҳои ташаннуҷи авзоъ сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфт, ҳукумат омодаи посух додан ба ҳама гуна хушунатҳост.
XS
SM
MD
LG