Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синфи миёнаи Тоҷикистон: Муҳоҷирон ё тоҷирон?


Ба гуфтаи донишмандон, кишваре, ки синфи миёна беш аз 50 дарсади аҳолияшро ташкил медиҳад, аз нигоҳи иқтисодӣ ва сиёсӣ собит мебошад.

Юсуф Юсуфбеков, мудири шӯъбаи пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, бар асоси меъёрҳои Ғарб дар Тоҷикистон синфи миёна вуҷуд надорад ва агар бошад ҳам теъдоди хеле камро дарбар мегирад. Ӯ мегӯяд, бар асоси тавон ва меъёрҳои Тоҷикистон миёни мардуми доро ва фақир теъдоде низ вуҷуд доранд, ки шартан синфи миёна номида мешавад.

Оқои Юсуфбеков мегӯяд, ин теъдод расман 40 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ӯ мегӯяд, шояд ин шумор бештар ҳам бошад. Ба гуфти ҷаноби Юсуфбеков, ин қишри ҷомеа ҳар моҳ аз 100 то 500 сомонӣ маош мегиранд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ, хонаводае ё нафаре, ки имкони пасандоз кардани беш аз 30 дарсади моҳонаашро дорад, шомили синфи миёна мебошад.

Юсуфбек Юсуфбеков мегӯяд, бино бар натиҷаҳои пажӯҳишҳои онҳо ба синфи миёна муҳоҷирони корӣ низ дохил мешаванд. Омори муҳоҷирон низ гуногун аст. Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кишвар рақами онҳоро зери як миллион нафар мегӯяд, Кумитаи омор 450-500 ҳазор нафар, коршиносони мустақил аз як миллион бештар.

Аз мардуме, ки дар дохили Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд, 22 дарсади кормандони соҳаи саноат, 36 дарсади кормандони бахши мухобирот, 26 дарсади кормандои бахши молӣ ва бонкиро синфи миёна донистаанд, ки ин қишр моҳона аз 500 сомонӣ бештар дастмузд мегиранд. Ҳамчунин, 12 дарсади кормандони бахши кишоварзӣ низ шомили синфи миёна карда шудаанд ва оқои Юсуфбеков ҳадс мезанад, ки инҳо мақомот ва раисони иттиҳодияҳои деҳқонӣ бошанд.

Ин дар ҳолест, ки 75 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар рустоҳо ба сар мебаранд ва баъши қобили мулоҳизаи онҳо дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанду, аз 60 то 100 сомонӣ маош мегиранд. Ба ин далел, Саодат Баҳирова, муовини раиси пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дарсади синфи миёнаро дар Тоҷикистон хеле кам медонад.

Музаффар Олимов, раиси маркази пажӯҳишгоҳии «Шарқ» мегӯяд, 30-35 дарсади мардуми Тоҷикистон на доро ҳастанд ва на дар зери хатти фақр ба сар мебаранд, вале инҳо синфи миёна нестанд, балки мардуми берун аз хатти фақр мебошанд, ки ин мафҳум аз истилоҳи синфи миёна фарқ дорад.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров низ айни ин ҳарфҳоро гуфт ва илова кард, ки синфи миёна дар Тоҷикистон эҳтимол афроде мебошанд, ки ба тиҷорат ва соҳибкорӣ машғуланду, зиндагии хуб доранд.
XS
SM
MD
LG