Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури шаҳрдорӣ

Дар пештоқи дӯконҳои гӯштфурӯшӣ дар бозори «Баракат»-и пойтахт бо ҳарфҳои хоно килои гӯшт аз 15 то 16 сомонӣ навишта шудааст. Ин коҳиши нархи озуқаворӣ тибқи дастури шаҳрдории пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст. Бино бар ин дастур, ҳамакнун гӯшту шакару тухму биринҷу равғану ғайра бояд аз 10 то 15 дарсад камтар ба фурӯш бираванд.

Норизоияти фурӯшандагон

Вале аксари фурӯшандагони бозор ба ин дастур мувофиқ нестанд. Фурӯшандагон мегӯянд, ин дастур бар зарари кори онҳост. Нуриддин, ки дар «Баракат» гӯшт мефурӯшад, мегӯяд, гӯштро 16 сомонӣ мехарад ва 17 сомонӣ мефурӯшад. Агар нархро 15 сомонӣ кунад, зарар мебинад.

Ҷамил ном фурӯшандаи дигар ҳайрон аст, ки чаро барои поин овардани нархҳо аз гиребони фурӯшандагони бозорҳо мегиранд. Ҷамил мегӯяд, нархҳо дар бозорҳои умда гарон аст ва пешниҳод кард, ки назорат аз он ҷо бояд шурӯъ бишавад.

Ризоияти харидорон

Дар ҳамин ҳол, аксари харидорон аз тасмими шаҳрдории шаҳри Душанбе истиқбол карданд.

Онҳо мегӯянд, фурӯшандаҳо аз фарорасии Рамазон сӯистифода мекунанд ва азбаски медонанд, ки харидорон лоилоҷ бояд маҳсулот бихаранд, нархҳоро сунъӣ мебардоранд.

Нигоҳи коршиносон

Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигоре, ки муаллифи мақолаҳои иқтисодӣ аст, бо қадрдонӣ аз иқдоми шаҳрдорӣ гуфт, вале беҳтар аст, ки барои поин овардани нархҳо дар бохорҳо онҳоро бо маҳсулот пур кард. Ҳамчунин, бояд ба тоҷирон сабукиҳо дар андоз дода шавад, то нархҳо бо роҳи рақобати бозорӣ поин бираванд, на тариқи амру дастур.

Шаҳрдории Душанбе барои танзими нархҳо даҳҳо гӯшаҳои деҳқониро низ ташкил мекунад, то деҳқон ҳамчун дасти аввал моли худро ба фурӯш гузорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG