Пайвандҳои дастрасӣ

Иштиҳои Чин ба нафт қимати онро афзуд


Қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ рӯзи душанбе ба ҳадде боло рафт, ки тайи даҳ моҳи ахир мушоҳида нашудааст. Бино ба гузоришҳо, талаботи афзоянда ва мунтазами Чин ба нафт сабаби афзоиши қимати ин навъи сӯзишворӣ шудааст. Рӯзи душанбе қимати як бӯшка нафти хом дар бозори Ню Йорк 73 долларо ташкил медод, ки тақрибан ним доллар бештар аз ҳафтаи гузашта аст. Рӯзи душанбе ҳамчунин баъди баёнияи Бен Бернанке – мудири Бонки Марказии Амрико доир ба нишонаҳои беҳбудии иқтисоди ҷаҳонӣ дар ояндаи наздик қимати саҳҳом дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло рафт.
XS
SM
MD
LG