Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шотландия: "Либия аҳдашро шикаст"


Вазири адлияи Шотландия мегӯяд, ҳукумати Либия ба аҳди худ вафо накарда ва бомбгузори Локкербиро дар саҳти олӣ пешвоз гирифтааст. Кеннӣ МакАскил рӯзи душанбе гуфт, давлати Либия итминони хотир дода буд, ки Ал-Миқроҳии гунаҳкор дар бомбгузории ҳавопаймои амрикоиро, баъди раҳоиаш аз зиндон бесару садои зиёд истиқбол мегиранд. Раҳоии ин шаҳрванди Либия, ки бемории кушандаи саратон дорад, сабаби хашму эътирози мақомоти Амрико, аз ҷумла Ҳилларӣ Клинтон - вазири умури хориҷаи ин кишвар шуд. Миқроҳии 57-соларо ба бобмгузории ҳавопаймои ширкати Пан Американ дар соли 1988 гунаҳкор дониста ва дар Шотландия ба ҳабси абад маҳкум карда буданд. Бар асари ин бобмгузорӣ 270 нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG