Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон мунтазири натиҷаҳои интихобот


Қарор аст, имрӯз бахше аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистонро эълом кунанд. Кумиссиёни мустақили интихоботӣ дар Афғонистон гуфт, натиҷаҳои муқаддамотии аз 10 то 40 дар сади қитъаҳои раъйдиҳиро имрӯз эълом мекунад. Ҳарду номзади аслӣ дар интихобот Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури феълӣ ва Абдулло Абдулло - вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон, худро пирӯзи интихобот эълом кардаанд. Доктор Абдулло ҳамчунин мегӯяд, дар интихобот ба нафъи Ҳомиди Карзай таққалуби густурдае сурат гирифтааст. Кай Эйде - намояндаи Созмони Милал дар Афғонистон, рӯзи душанбе аз номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ хост сабур бошанд, то ки кумиссиёни интихоботӣ шикоятҳо дар бораи таққалубкориҳоро таҳқиқ кунад.
XS
SM
MD
LG