Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури таҳқиқи рафтори маъмурони СIA


Эрик Ҳолдер - раиси Додгоҳи Олии Амрико, додситонеро муаррифӣ кард, ки ба таҳқиқи иддаъоҳо доир ба рафтори дурушти маъмурони амниятии Амрико бо муттаҳамон ба тероризм мепардозад. Пас аз ошноӣ бо санадҳои махфии бозпурсиҳои боздоштшудагон дар Ироқ ва Афғонистон, Эрик Ҳолдер ба муовини худ Ҷон Дурҳам додситони собиқадор дастур додааст, то бубинад, ки оё зарурати таҳқиқоти ҷомеъе сари ин масъала вуҷуд дорад ё на? Айни замон мақомоти расмӣ эълом карданд, ки Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико як гурӯҳи хоси муфаттишонеро таъсис додааст, ки таҳти назари Кохи Сафед муттаҳамон ба тероризмро бозпурсӣ хоҳанд кард. Бозпурсиҳои дурушти муттаҳамон ба терроризм дар замони Ҷорҷ Буш баҳси зиёдеро доир ба ғайриқонунӣ будани рафтори маъмурони амниятӣ ва риояти ҳуқуқи инсон дар Амрико барангехт.
XS
SM
MD
LG