Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи бозпурсии маҳбусони арзишманд таъсис ёфт


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама воҳиди нави масъули бозпурсии афроди муттаҳам ба терроризмро таъсис дод. Ин ниҳод Гурӯҳи бозпурсии боздоштшудагони арзишманд ном дошта, мустақиман таҳти назорати Шӯрои амнияти миллӣ, як ниҳоди муттанафизи вобаста ба раисиҷумҳур фаъолият мекунад.
Эълони таъсиси ниҳоди ҷадид дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, вазорати адлияи Амрико хостори таҳқиқи дубораи парвандаҳои марбут ба мавридҳои эҳтимолии бадрафтории муфаттишини Созмони истихборотии Амрико, ё худ CIA, нисбат ба муттаҳамин шудааст.
XS
SM
MD
LG