Пайвандҳои дастрасӣ

МакАскилл аз қарори раҳоии Миқраҳӣ дифоъ кард


Вазири адлияи Шотландия гуфт, ки ӯ аз қарораш дар мавриди ба далоили башарӣ аз маҳбас раҳо кардани бомбгузори Локербӣ дифоъ мекунад. Кеннӣ МакАскилл имрӯз дар парлумони Шотландия баъд аз он ки мақомоти Амрико тасмими ҳафтаи гузаштаи Шотландия ҷиҳати раҳоии Абдулбосит ал-Миқраҳиро ба боди интиқод кашиданд, гуфт: “Ин тасмим бояд гирифта мешуд. Ин тасмим бар асоси қонуни Шотландия ва арзишҳое буд, ки ба бовари ман, мо пайравӣ мекунем. Ин тасмим бар пояи кадом мулоҳизоти сиёсиву дипломатӣ ваё иқтисодӣ содир нашудааст.”
Ал-Миқраҳӣ, ки мубтало ба марҳалаи ниҳоии саратон будааст, ҳафтаи гузашта ба ватанаш –Либия баргашт. Суқути ҳавопаймои ширкати амрикоии ПанАм дар Локербӣ дар соли 1988 мунҷар ба ҳалокати 270 нафар шуда буд.
XS
SM
MD
LG