Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба афзоиши нерӯҳо дар Афғонистон


Стенлӣ Маккристал, фармондеҳи кулли нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон
Стенлӣ Маккристал, фармондеҳи кулли нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон

Фармондеҳони баландпояи НАТО ва ИМА хостори вуруди нерӯи бештари хориҷӣ ба Афғонистон шуданд.

Онҳо ба Ричард Ҳолбрук, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳида барои Афғонистон ва Покистон фишор оварданд, ки барои мубориза бо Толибон, бахусус дар ҷанубушарқи Афғонистон ва марзи он бо Покистон, нерӯ ва муҳимоти бештар ихтисос дода шавад.
Амният барои мардуми Афғонистон. Ва ин ҳадаф дар қиёс бо ончӣ мо ҳамагӣ чанд моҳ пеш доштем, як тағйири муҳиме мебошад...

Хабаргузориҳо менависанд, фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар шарқи Афғонистон, генерал-майор Куртис Скапароттӣ ба Ҳолбрук гуфтааст, шабакаи Толибон таҳти сарварии Ҷалолуддин Ҳаққонӣ ва писари ӯ, Сироҷуддин, минтақаи нуфузи худро дар вилоятҳои ҷанубушарқии Афғонистон густариш додаанд ва дар ҳоли ҳозир аз бузургтарин таҳдидҳо ба шумор мераванд.

Скапароттӣ афзудааст, нерӯҳои байнулмилалӣ ҳооло барои ҷилавгирӣ аз чунин густариш мубориза мекунанд.

Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он дар сартосари Афғонистон ҳоло 100 000 сарбозро ҷобаҷо кардаанд. Бахши аъзами ин нерӯҳо дар манотиқе ҷамъоварӣ шудааст, ки моҳҳои охир ҳадафи ҳамлаҳои Толибон қарор гирифтаанд. Вале бо вуҷуди фишори низомии байнулмилал ошӯб дар сатҳи баландтарини худ боқӣ мемонанд.

Дар мулоқот бо Ҳолбрук дар Кобул, фармондеҳони аршади НАТО ва Иёлоти Муттаҳида аз паногоҳҳои Толибон дар Покистони ҳамсоя изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ситоди марказии Ҳаққонӣ низ дар Покистон аст. Инчунин аз марзи барои ошӯбгарон осонгузари Эрон ва афзоиши фаъолияти толибҳо дар вилояти шимолии Кундуз изҳори ташвиш шуд.

Генерал Стенлӣ Маккристал, фармондеҳи кулли нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон, машғули бознигарии стратегияи ҳарбии Амрико дар Афғонистон аст. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс ба нақл аз мақомоти низомӣ мегӯяд, Маккристал барои саркӯб кардани толибҳо эҳтимолан 20 000 сарбози нав дархост кунад.

Амирулбаҳр Майк Муллен, сардори ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, иқрор кард, ки вазъ дар Афғонистон то рафт бадтар мешавад. Аммо вай аз зикри ҳама гуна шумораҳо худдорӣ кард. Эҳтимол меравад, теъдоди сарбозои иловагӣ барои Афғонистон мумкин аст, мухолифати қонунгузорон ва ҷомеаи амрикоиро ба вуҷуд орад.

Вале ҳарчи рӯшантар мешавад, ки бе нерӯи иловагӣ таъмин кардани амнияти мардуми Афғонистон ва шароити бозсозии кишвар номумкин хоҳад буд.

Муллен ин ҳадафро тағйири бархӯрд ба масъалаҳои Афғонистон номид: "Ин вазифаест, ки ҳоло ҳарбиён ба он тамаркуз доранд ва генерал Маккристал низ ба думболи он аст. Амният барои мардуми Афғонистон. Ва ин ҳадаф дар қиёс бо ончӣ мо ҳамагӣ чанд моҳ пеш доштем, як тағйири муҳиме мебошад. Дар доираи ҳамин тамаркуз аст, ки ҳарду тараф ба хубӣ вазъро мефаҳманд. Мефаҳманд, ки амният ба андозаи кофӣ бад аст ва бадтар мешавад ва бояд ба самте ҳаракат кард, ки амниятро таъмин намояд, то мо битавонем давлатдорӣ ва иқтисодиётро рушд диҳем ва онҳо битавонанд, сарнавишти хешро ба дасти худ бигиранд."

Баҳси ирсоли нерӯҳои нав ба Афғонистон дар ҳоле авҷ мегирад, ки тибқи назарсанҷиҳо аксарияти амрикоиҳо мухолифи ҷанги нерӯҳои кишварашон дар Афғонистонанд. Чунончи, пурсиши муштараки "Вашингтон Пост" ва телевзиони Эй-Би-Сӣ нишон дод, ки танҳо чоряки амрикоиҳо ба фиристодани нерӯҳои нав ба Афғонистон нигоҳи мусбат доранд.

Ин ҳам дар ҳоле ки вазъи дохилисиёсии худи Афғонистон дар пайи интихоботи президентии ҳафтаи гузашта ва даъвои пирӯзии ду номзади асосии он шиддати бештар касб мекунад.

Ва қонунгузорони Иёлоти Муттаҳида бартарӣ медиҳанд, ки фишор бештар рӯйи ҳукумат ва нерӯҳои Афғонистон бошад ва фаъолияти онҳо билоахира натиҷае ба бор орад.
XS
SM
MD
LG