Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Урумчӣ беш аз 200 нафар ба додгоҳ хоҳанд рафт


Бино ба хабарҳо, ҳафтаи равон дар Чин мурофиаи беш аз 200 нафари муттаҳам ба даст доштан дар ошӯбҳои хунини қавмии моҳи гузашта дар вилояти ғарбии Шинҷон шурӯъ хоҳад шуд. Нашрияи давлатии "China Daily" навишт, ки муҳокимаҳо дар додгоҳи шаҳри Урумчӣ доир хоҳанд шуд. Дар ошӯбҳои қавмии рӯзи 5 июл дар Урумчӣ дастикам 197 нафар кушта шуданд.
Нирӯҳои мусаллаҳи пулис дар пешорӯи оғози муҳокимаҳо дидбонии шабонарӯзии манотиқи атрофи додгоҳро оғоз кардаанд, чунки нигароние вуҷуд дорад, ки оғози мурофиа метавонад мояи бурузи танишҳои нав дар Шинҷон шавад. Уйғурҳои муқими ин минтақа алайҳи ҳузури афзояндаи қавми чиноии ҳан ва ҳам алайҳи назорати давлат бар ҳаёти фарҳангиву мазҳабии онҳо эътироз мекунанд.
XS
SM
MD
LG