Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи севвуми набарди юнониҳо бо оташ


Рӯзи севвум аст, ки сӯхторнишонҳо дар наздикии Афина бо як сӯхтори бузург дар набарданд, вале сухангӯи давлати Юнон гуфт, таҳдиди мустақим ба канораҳои пойтахт рафъ шудааст.
Аммо 6 сӯхтори дигар дар саросари Юнон, аз ҷумла дар ҷазираҳои Эвия ва Скирос дар баҳри Эгей ва дар ҷазираи Ион ҳамчунон ба тохтутози худ идома медиҳанд. Барои фурӯ нишондани оташсӯзиҳои густарда ҳудуди 2000 сӯхторнишону сарбоз ва ихтиёриён ҷалб шудаанд. Аз рӯзи ҷумъа ба ин сӯ, бар асари сӯхтор дар Юнон тақрибан 15 000 ҳектор ҷангалзор нобуд гардида, ҳазорон нафарро маҷбур ба тарки манзил кард.
XS
SM
MD
LG