Пайвандҳои дастрасӣ

Тобистони доғи соли 1989 як нуқтаи муҳими чархиш ва оғози даврони нави ҷудоиву эҳё барои кишварҳои коммунистии Аврупои шарқӣ шуд.

Ҳамон тобистони гарми соли 1989 ба силсилаи рӯйдодҳое оғоз гузошт, ки аллакай дар тирамоҳи ҳамон сол дар ниҳоят Пардаи оҳанини дар замонаш гӯё абадан қоим ва шикастнопазирро барандохт ва хонаводаи бузург ва то он замон ҳадди ақал дар зоҳир хеле тифоқи кишварҳои коммунистиро аз ҳам фурӯ пошид.

Дар моҳи августи соли 1989 тақрибан 2 миллион нафар дар 3 кишвари соҳили Балтик – Латвияву Литва ва Эстония дастобадаст занҷири зиндаеро эҷод карданд, ки аз Таллин то Вилнюс ва аз он ҷо то ба Рига тӯл мекашид. Ин иқдом ба нишони эътироз ба паймони Молотов ва Риббентроп, вузарои вақти умури хориҷии Иттиҳоди Шӯравиву Олмони фашистӣ буд, ки дар соли 1939 баста шуда, бар асоси он, ин се кишвари соҳили Балтик қаламрави таҳти нуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шуданд ва соле баъд иҷборан таҳти султаи Маскав қарор гирифтанд.

Дар ҳамон моҳи августи соли 1989 мухолифини маҷорӣ маъракаеро таҳти унвони “Сайри умумиаврупоӣ” ба роҳ андохтанд, ки тавассути он садҳо сокини Ҷумҳурии демократии Олмон имкон пайдо карданд, бидуни кадом мамониат ба Олмони ғарбӣ фирор кунанд. Ин иқдом низ як рахнаи бузургеро дар Пардаи оҳанин ба вуҷуд овард. Рахнае, ки тавре маълум шуд, Иттиҳоди Шӯравӣ - нигаҳбони аслии ин Пардаи оҳанин, чунон саргарми мушкилоти дохилиаш шудааст, ки дигар тавону имкони тармими он ва ҳам дигар ҳатто шавқи дубора бастани Пардаи оҳанинро надорад.

Ва дар ҳамон моҳи августи соли 1989 дар Лаҳистон, ё худ Полша барои нахустин бор аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон як ҳукумати ғайрикоммунистӣ рӯи кор омад. Чунин ҳукумати ғайрикоммунистӣ тайи беш аз 50 соли охир нафақат дар Лаҳистон, балки дар тамоми кишварҳои коммунистии Аврупои шарқиву Марказӣ назир надошт. Ва ба курсии раҳбарии ин кобинаи ғайриоддии вазирони Лаҳистон Тадеуш Мазоветский, хабарнигори дигарандеше нишаст, ки дар аҳди коммунистӣ сардабирии маҷаллаи ғайрирасмии ҷунбиши мухолифи “Солидарност”-ро бар ӯҳда дошт. Ҷунбише, ки ҳанӯз аз солҳои ҳафтод ҳаракатҳои зиддикоммунистиро дар Лаҳистон раҳбарӣ мекард ва дар авоили солҳои ҳаштод ба нуфузи чунон густардае дар ин кишвар даст ёфт, ки давлати коммунистии Войтсех Ярузелский маҷбур шуд ба хотири хунсо кардани таҳдиди “Солидарност” дар саросари Лаҳистон вазъи фавқулодда ҷорӣ кунад.

Раҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ мехостанд ҳамон гуна ки ҷунбишҳои демократиро дар Маҷористон дар соли 1956 ва дар Чехословакия дар соли 1968 бо вуруди нирӯ ва истифода аз зӯр саркӯб карданд, ҳаракатҳои дигарандешро дар Лаҳистон низ бо зӯри нирӯ фурӯ нишонанд, вале Варшава он замон танҳо бо эълони вазъи фавқулодда иктифо кард ва вуруди артишҳои муттаҳидинаш аз кишварҳои узви Шартномаи Варшаваро ба Лаҳистон иҷозат надод.

Ва аммо дар тобистони соли 1989 маълум шуд, ки ҳатто эълони вазъи фавқулодда ҳам натавонист ҳукумати Ярузелскийро наҷот диҳад. Дар интихоботи моҳи июн, ки нахустин интихоботи нисбатан озод дар Лаҳистон баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон маҳсуб мешуд, номзадҳои ҷунбиши “Солидарност” аксарияти оро ва ҳаққи ташкили кобинаи ояндаи вазиронро ба даст оварданд.

Қаблан дар ҷараёни музокироти тӯлонӣ, давлати коммунистии Лаҳистон ва ҷунбиши “Солидарност” ба тавофуқ расиданд, ки дар интихоботи рӯзи 4 июн сеяки курсиҳои Сейм, парлумони Лаҳистон, ба таври озод интихоб хоҳанд шуд.

Номзадҳои ғайрикоммунист, ба истиснои як курсӣ, боқии курсиҳои озодро бо худ бурданд ва “Солидарност” ҳизби коммунистро шикаст дод, чунки коммунистҳо дидан, ки чорае ба ҷуз аз пазируфтани Тадеуш Мазоветский ба ҳайси раҳбари кобинаи ояндаи вазирон надоранд. Мазоветский дар Сейм орои ҳамаи 402 вакили ҳозир дар иҷлосияро соҳиб шуд ва ба курсие нишаст, ки тайи даҳсолаҳо фақат ва фақат намояндагони ҳизби коммунист ҳақ доштанд, ба он бинишинанд.

Рӯйдодҳои тобистони соли 1989 ба мавсими аз саҳнаи Аврупои шарқиву марказӣ босуръат рӯфта шудани коммунизм оғоз гузошт. Ва алакай дар моҳи ноябри соли 1989 Девори Берлин, як аломати ангуштнамои ҷудоии Аврупо ва ҷаҳон ба лагерҳои коммунистиву демократӣ, фурӯ рафт ва даврони ҷудоии Аврупо дигар сар омад.

Аммо мардуми Лаҳистон ин воқеиятро, ки дар ҷаҳон маҳз барандохта шудани Девори Берлинро ҳамчун лаҳзаи ниҳоии шикасти ниҳоии коммунизм мешиносанд, бо ҳассосият қабул мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар асл рӯи кор омадани кобинаи вазирони Тадеуш Мазоветский ҳамон нуқтаи атфе буд, ки коммунизмро дар қораи Аврупо шикаст дод ва демократияро дар саросари ин қаламрав барқарор кард.
XS
SM
MD
LG