Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Шотландия имрӯз ҷамъ мешавад


Парлумони Шотландия имрӯз ба хотири баҳси қарори раҳоии бомбгузори Локербӣ ташкили иҷлосия мекунад. Суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати амрикоии ПанАм дар фазои Локербӣ дар декабри соли 1988 270 нафарро кушта ба ҷо гузошт ва соли 2001 афсари либиёӣ Абдулбосит Миқраҳӣ нахустин ва танҳо нафаре шуд, ки бо ҷурми даст доштан дар ин бомбгузорӣ ҳукми зиндони абад гирифт. Аммо мақомоти Шотландия дар ҳафтаи гузашта Миқраҳиро, ки маризи дар дами марг будааст, ба далоили башарӣ аз зиндон раҳо карданд ва ӯ ҳамчун қаҳрамон ба Либия баргашт. Бархе мунаққидон мақомотро ба он айбдор карданд, ки бо раҳоии Миқраҳӣ мехоҳад ба густариши равобити равобити тиҷорӣ бо Либияи нафтхез ноил шавад.
XS
SM
MD
LG