Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ аз эътилофи нави шиъаҳо берун монд


Гурӯҳҳои умдаи шиъаҳои ироқӣ эътилофи наверо таъсис доданд, ки дар интихоботи саросарии моҳи январ бидуни сарвазири феълӣ Нурӣ Моликӣ вориди мубориза хоҳад шуд. Расман далоили аз феҳрасти аъзои ин эътилоф уфтодани исми ҳизби Даъваи сарвазир Моликӣ эълон нашудааст, вале аксар ба ихтилофи мавҷудаи назарҳо бар сари шахси раҳбари ояндаи ин эътилофи нав таъкид мекунанд. Моликӣ қаблан хостори нақши бузургтаре барои худ ва ба узвияти эътилоф пазируфтани гурӯҳҳои бештари курдиву суннӣ шуда буд. Эътилофи нав бузургтарин гурӯҳи шиъа – Шӯрои олии исломии Ироқро, ки таҳти пуштибонии Эрон фаъолият мекунад ва ҳамин тавр, эътилофи пайравони рӯҳонии зиддиамрикоӣ Муқтадо Садр ва шуморе аз сиёсатмадорони мустақили суннӣ ва дунявиро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG