Пайвандҳои дастрасӣ

Нетаняҳу ба Аврупо сафар мекунад


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу имрӯз бо як сафари чоррӯза роҳии Аврупо шуд. Ғолибан тақозои Ғарб ҷиҳати тавқифи шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ва роҳҳои расидан ба қатъи барномаҳои ҳастаии Эрон аз мавзӯъҳои аслии дидорҳои ӯ бо раҳбарони Аврупо хоҳад шуд. Нетаняҳу дар Лондон бо сарвазири Бритониё Гордон Браун ва сипас бо фиристодаи Амрико дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл мулоқот мекунад. Қарор аст, рӯзи чоршанбе ӯ ба хотири мулоқот бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел роҳии Берлин шавад.
XS
SM
MD
LG