Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар телевизион зоҳир шудани Фидел Кастро


Раҳбари собиқи Куба Фидел Кастро барои бори аввал аз моҳи июни соли гузашта дар телевизиони миллӣ зоҳир шуд. Вазъи сиҳҳати Кастрои 83-сола хуб ба назар мерасид, чунки бино бар ин гузориш, ӯ рӯзи шанбе дар Ҳавана бо донишҷӯёни венесуэлоӣ озодона сӯҳбат мекард. Рӯзи шанбе як нашрияи давлатӣ акси бузурги мулоқоти Фидел Кастро бо раисиҷумҳури Эквадор Рафаэл Корреаро ба табъ расонд. Фидел Кастро баъд аз бистарӣ шуданаш дар се соли қабл дар телевизион хеле кам зоҳир мешуд. Ӯ соли гузашта ба иллати маризӣ аз мақоми раҳбарии Куба истеъфо дод. Фидел Кастроро дар ин симат бародараш Раул иваз кард.
XS
SM
MD
LG