Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Медведев аз як дайри буддоӣ


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз аз бузургтарин маъбади буддоӣ дар кишвараш – дайри Иволга дар Сибири шарқӣ дидан кард. Медведев дар ин дайр ба роҳибони буддоӣ гуфт, ки давлат бо вуҷуди бӯҳрони иқтисодӣ ба кӯмаки онҳо хоҳад расид ва онҳо набояд ниёзманди кӯмакҳои хориҷӣ бошанд. Медведев феълан бо сафаре дар Бурятистон, ҷумҳурии мухтори тобеъи Русия, ки бахши аъзами аҳолиаш аз дини буддоӣ пайравӣ мекунанд, ба сар мебарад. Ҷамъи пайравони ин мазҳаб дар Русия тақрибан як миллион нафар баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG