Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина Рӯзи истиқлолияташро таҷлил кард


Украина имрӯз аз Рӯзи истиқлолияташ таҷлил мекунад. Раисиҷумҳур Виктор Юшенко дар паёме ба мардум гуфт, Украина барои расидан ба аҳдофаш, ки пайвастан ба “оилаи кишварҳои озоди Аврупост”, наздиктар шудааст. Юшенко мардумро ба ваҳдат хонд ва гуфт, мутмаин ҳаст, ки миллати сарҷамъро касе ба ҷудоӣ кашонида наметавонад.
Юшенко ғолибан Русияро дар назар дошт, ки шадидан мухолифи азми Киев барои пайвастан ба Ғарб ва ба паймони низомии НАТО мебошад. Имрӯз ба шарафи Рӯзи истиқлолият дар Киев як паради низомӣ низ баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG