Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 7 узви "Лашкари ҷангӣ" дар Покистон


Пулиси Покистон мегӯяд, 7 узви як гурӯҳи ситезаҷӯи марбут ба Ал-Қоидаро бо иттиҳоми таҳияи нақшаи ҳамалот болои Карочӣ, бузургтарин шаҳри Покистон боздошт кардааст.
Пулис мегӯяд, ҷангиёни боздоштшуда марбут ба гурӯҳи Лашкари ҷангӣ буда, мехостанд иншооти муҳими давлатӣ ва мақомоти баландпояро ҳадафи ҳамла қарор диҳанд.
Лашкари ҷангӣ дар гузашта масъулияти анҷоми як силсила ҳамлаҳои пурсарусадо, аз ҷумла ташкили ду сӯъиқасди ноком ба ҷони раҳбари вақти Покистон генерал Парвиз Мушарраф ва буридани сари хабарнигори нашрияи амрикоии “Wall Street Journal” Дениэл Пёрлро бар ӯҳда гирифта буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG