Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 сарбози НАТО дар ҷануби Афғонистон


Се сарбози НАТО – як аскари Амрико ва ду сарбоз аз Эстония бар асари ҳамлаҳои ҷудогона дар ҷануби Афғонистон кушта шуданд. Сарбози Амрико дар натиҷаи ҳамлаи чирикиҳо рӯзи якшанбе ба ҳалокат расида, шумори асокири амрикоии дар моҳи август дар Афғонистон кушташударо ба 37 нафар расонд.
Вазорати дифоъи Эстония гуфт, ду сарбози эстонӣ рӯзи якшанбе дар вилояти Ҳилманд замоне кушта шуданд, ки ҳайъати дидбонии онҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Эстония дар ҳайъати нирӯҳои таҳти фармони НАТО дар Афғонистон 289 сарбоз дорад. Нирӯҳои Эстония аз соли 2003 ба ин сӯ дар Афғонистон мустақар шудаанд ва тайи ин муддат дар он кишвари ҷангзада 6 сарбози Эстония кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG