Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Денисов дурнамои раводид бо Тоҷикистонро сифр хонд


Муовини аввали вазири умури хориҷии Русия Андрей Денисов дурнамои ҷорӣ шудани низоми раводид байни Русия ва Озарбойҷону Тоҷикистон ва Узбакистонро амалан ба сифр баробар медонад. Оқои Денисов гуфт, як силсила омилҳои иқтисодиву сиёсӣ ва башарӣ дар миён ҳаст, ки ҷорӣ кардани низоми раводидро ғайримумкин мегардонад. Денисов гуфт, бояд рӯи танзими ҷараёнҳои муҳоҷират тавассути созишномаҳои мухталиф фикр кард, на рӯи ҷорӣ кардани раводид.
Қаблан як гурӯҳи сиёсатмадорони Русия хостори ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои муҳоҷирхезе, чун Тоҷикистон шуданд ва ба ин хотир як маъракаи ҷамъоварии имзоҳоро низ дар Русия ба роҳ андохтанд.
XS
SM
MD
LG