Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходимони ҳукуматӣ дар мактаби кадрӣ


Мактаби захиравии кадрӣ дар мақомоти Суғдро дар соли хониши 2008-2009 ҳудуди 30 ҷавони то синни 35-сола ба итмом расонидаанд.

Абдулатиф Қодиров, роҳбари хадамоти кадрии мақомоти Суғд ба Ояндасоз гуфт, танҳо 30 нафар аз миёни 60 кас ба тариқи озмун имкони таҳсил дар ин мактабро ба даст оварданд. Роҳбари хадамоти кадрии ҳукумати Суғд гуфт, дар миёни муҳассилин, ки дар мақомотҳои шаҳру навоҳӣ ба ҳайси мутахассиси идора ё ягон шӯъба фаъолият мекунанд, ду-се омӯзгори ҷавон аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ низ ширкат кардаанд.

Теъдоди ҷавонони муҳассил бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо сурат гирифта, дар тӯли шаш моҳи таҳсил ба муҳассилини мактаби захираҳои кадрӣ муовинони раиси вилоят, мудирони шӯъбаҳо аз идораҳои давлатӣ ва омӯзгорони забони англисӣ ва компютер дар донишгоҳҳои олии вилояти Суғд дарс гуфтаанд.

Роҳбари хадамоти кадрии мақомоти Cуғд дар ҳоле аз итмоми таҳсили 30 нафар ҷавонони мактаби захираҳои кадрии ҳукумати Cуғд зикр мекунад, ки тӯли се соли охир ҳам шумори донишҷӯён аз донишгоҳҳои олӣ барои таҷрибаомӯзи дар идораҳои давлатӣ ҷалб мешаванд, вале пас аз ду ё се ҳафтаи таҷрибаомӯзӣ иртиботашон бо мақомот канда мегардад ва онҳо боз сари таҳсилгоҳҳои худ бармегарданд.

Аммо, дар ҳамин ҳол, шумори бештари ҷавонон суғдӣ, ки мехоҳанд ба иҷрои ягон кори давлатӣ саҳм бигиранд, изҳори ташвиш мекунанд, ки барои роҳёбӣ дар мақомот нақши маблағ назар ба диплом ва дараҷаи тахассус калон будааст. Абдулло, як ҷавони суғдӣ, ки пас аз хатми донишгоҳ орзу кардааст, дар ягон вазифаи давлатӣ саҳм бигирад, мегӯяд, мутаассифона, бидуни тақаллуб ва ришват талошҳои вай дар назди масъулони мақомот бенатиҷа боқӣ мондааст.

Абдулатиф Қодиров шумори муҳассилини мактаби захираҳои кадриро сар аз соли 1991 ба ин ҳол 300 нафар хонд, аммо дар мавриди ҷалби ҷавонони дигар ба мақомот чизе нагуфт.

Абдумалик Набиев, як корманди мақоми давлатӣ ва хатмкунандаи мактаби захираҳои кадрии мақомоти Суғд мегӯяд, мактаби захираҳои кадриро ҳамроҳи нафароне ба итмом расонидааст, ки ҳама ҳодимони ҳукуматианд, вале нерӯи ҷавоне аз хатмкардаи донишгоҳҳо мушоҳида нашудааст.

Ҷамшед, як ҷавони дигар, бар он аст, ки маҳалгароиву шиносбозӣ қисми зиёди мутахассисини ҷавонро барои соҳиб шудан ба ягон кору вазифаи давлатӣ нохушбин кардааст.
XS
SM
MD
LG