Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Шотландия ба баҳси Локербӣ мепардозад


Иҷлосияи парлумони Шотландия ба хотири баҳси қарори раҳоии бомбгузори Локербӣ, ки боиси хашми амрикоиҳо шуд, як ҳафта зудтар даъват шудааст. Мақомоти Шотландия Абдулбосит Миқраҳиро, ки маризи дар дами марг будааст, ҳафтаи гузашта ба далоили башарӣ аз зиндон раҳо карданд ва ӯ ҳамчун қаҳрамон ба Либия баргашт. Миқраҳӣ танҳо нафарест, ки бо ҷурми даст доштан дар бомбгузории ҳавопаймои мусофирбари ширкати ПанАм, ки бар асари суқуташ болои шаҳри Локербии Шотландия дар декабри соли 1988 270 нафар кушта шуд, маҳкум ба зиндони абад шуда буд.
XS
SM
MD
LG