Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқоти қаҳрамонии варзишҳои майдонии ҷаҳон дар пойтахти Олмон – шаҳри Берлин шоми 23-юми август ба анҷом расид.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 10 медали тилло, 6 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб кард.

Мунтахаби Ямайка, ки 7 медали тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст овард, дар ҷои дуввум қарор гирифт. Кения бо 4 медали тилло, 5 нуқра ва 2 биринҷӣ севум шуд. Русия бо 4 медали тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ ҷои чаҳорумро касб кард. Умуман, варзишгарони 37 кишвар соҳиби медалҳо шуда, намояндагони 19 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Байни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба ғайр аз Русия, инчунин, Эстония соҳиби 1 медали биринҷӣ шуд. Аз қораи Осиё бошад, се кишвар: Баҳрайн 2 медали тилло ва 1 биринҷӣ, Чин 1 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ, Қатар 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар байни 2000 варзишгари 203 кишвар, инчунин, ду нафар гурзандозҳои Тоҷикистон ширкат карданд.

Дилшод Назаров дар сабқати ниҳоӣ гурзро ба масофаи 71 метру 69 сантиметр ҳаво дода, аз 12 варзишгаре, ки ба финал баромаданд, танҳо аз як нафар пеш гузашт. Варзишгари Словения Примош Козмус, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008, бо натиҷаи 80,84 м ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Галина Митяева, намояндаи дигари Тоҷикистон, дар сабқати интихобии гурзандозӣ байни занон гурзро ба масофаи 56 метру 31 сантиметр ҳаво дода, байни 40 нафар дар ҷои пешазохирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт. Анита Влодарчик, варзишгари Лаҳистон, бо натиҷаи 77 метру 96 сантиметр соҳиби медали тиллои мусобиқот шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG