Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон


Рӯзҳои истироҳат бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2009 баргузор шуданд.

22-юми август дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти кишвар ду дастаи шаҳри Душанбе - «Энергетик» ва ССКА «Помир» - қувваозмоӣ карданд. Бозӣ бо пирӯзии дастаи меҳмон – ССКА «Помир» бо ҳисоби 2:0 ба анҷом расид. Искандар Гадоев дар дақиқаи 82-юм ҳисобро боз кард. Баъди се дақиқа Ҳабибуллоҳ Пиров голи дуввумро ба самар расонд.

Бозии дигари ниманиҳоӣ 23-юми август дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода сурат гирифт. Дар ин бозӣ дастаи мизбон – «Истиқлол» бо ҳисоби 3:2 ғолиб шуд. Нахуст бозигари меҳмонон Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 17-ум тӯбро вориди дарвозаи мизбонон кард. Голи дуввуми «Регар» ТадАЗ-ро Шуҷоат Неъматов дар дақиқаи 51-ум ба ҳадаф расонд. Вале баъдан бозигарони «Истиқлол» Қурбоналӣ Собиров (дақиқаи 80-ум), Нуриддин Давронов (84-ум) ва Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев (90-ум) ба дарвозаи меҳмонон се тӯб зада, бозиро ба фоидаи дастаи худ ҳал карданд.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 29-ум ва 30-юми август баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG