Пайвандҳои дастрасӣ

Абдулло Абдулло, рақиби аслии президенти кунунии Афғонистон Ҳомид Карзай дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки мегӯяд, аксарияти раъйҳои мардумро соҳиб шудааст, мақомотро дар тақаллубкориҳои густарда айбдор кард.

Мақомоти интихоботии Афғонистон мегӯянд, 225 шикоят дар бораи қонуншиканиҳо дар рафти интихоботро омӯхта истодаанд. Ҳомиёни ғарбии давлати Афғонистон интихоботро комёбии муваффақ барои демократия номида, аз он истиқбол карданд. Аммо баъди нашри рӯйхати дарози камбудиҳо ва шавоҳид доир ба қонуншиканиҳо иддаоҳо дар бораи эҳтимоли баргузории даври дувуми интихобот афзудааст.

Вазири собиқи корҳои хориҷаи Афғонистон Абдулло Абдулло ва раисҷумҳури кунунӣ Ҳомид Карзай, ҳар ду ҳам даъво доранд, ки аксарияти раъҳои интихобкунандагонро ба даст овардаанд. Доктор Абдулло дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кобул рақибаш ва ҳукуматро дар тақаллубкориҳо айбдор кард.

Ӯ гуфт, бояд аз тақаллуби муассир ба натоиҷи интихобот пешгирӣ кард, зеро умеди мардуми Афғонистон ба зиндагии беҳтар дар оянда муҳим аст. Доктор Абдулло гуфт, мардуми кишвар ҳақ доранд, то ки ҳақиқатро бидонанд ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд аз нигарониҳои онҳо огаҳ бошад.

Грант Киппен, раиси Комиссияи Афғонистон гуфт, ба ҳар як чунин хабар дар бораи тақаллуб бо ҷиддият бархӯрд мешавад.
XS
SM
MD
LG