Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор ба Афина наздик мешавад


Садҳо сокини маҳаллаҳои гирду атрофи шимоли Афина, пойтахти Юнон, аз тарси сӯхтор имшабро берун аз хонаҳояшон рӯз карданд.

Гуфта мешавад, дар манотиқи атрофи Афина ҳадди ақал шаш сӯхтори шадиде ҳанӯз ҳам берун аз имкони мубориза ҳастанд ва шамолҳои сахт ин сӯхторҳоро ба сӯи пойтахти Юнон мебаранд.

Дар ин се рӯз ин сӯхторҳо аллакай садҳо хона дар маҳаллоти гирду атрофи Афина ва масоҳати калони ҷангалзорҳоро ба коми худ фурӯ бурдаанд. Шаҳраки маъруф ва бостонии Марафон дар шимоли Афина аз ин сӯхтор зарар дидааст.

Яннис Скуарос, шаҳрдори Афина, ин сӯхторро офати муҳитзистӣ номидааст. Хушбахтона, сӯхтор то имрӯз талафоти ҷонӣ дар пай надорад.

Рӯзи якшанбе, 23-юми август, қариб тамоми аҳолии шаҳраки Агиос Стефанос, дар 23-километрии шимолу шарқи Афина пои пиёда ва ё савора маҳалли зисти худро тарк кардаанд. Аммо шуморе ҳам ба хотири ҳифозати хонаҳояшон ва дороияшон дар манозили худ боқӣ мондаанд.

Шуморе аз раисони шаҳракҳои атрофи Афина ҳукумати марказиро бо он гунаҳгор карданд, ки ҳеҷ нақшаи тарҳрезишудаи мубориза бо оташсӯзӣ надошт. Ҳавопаймоҳои обдор аз Итолиё, Фаронса ва Кипр ба ёрии Юнон шитофтаанд. Тақрибан ду ҳазор сӯхторхомӯшкун ва сарбоз ҳамроҳ бо садҳо ихтиёрӣ бо оташ мубориза бурда истодаанд.

Сӯхтор рӯзи ҷумъаи гузашта дар маҳаллаи Грамматико, дар наздикии Марафон, оғоз шуд ва вазиши шамолҳои сахт ба зудӣ ба андозае сӯхторро мудҳиш кард, ки занги хатар то ба Афина расид.

Ин бузургтарин сӯхтор пас аз оташсӯзии соли 2007 будааст, ки он замон 70 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.
XS
SM
MD
LG