Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА дар андешаи сиёсати нави муҳоҷират


Карл Билдт – вазири умури хориҷаи Шветсия гуфт, Иттиҳодияи Аврупо то охири моҳи октябр пешниҳодоти нав дар мавриди сиёсати муҳоҷиратро ироа хоҳад кард. Карл Билдт дар ин бора дар ҳошияи як конфронсе дар шаҳри соҳилии Риминии Итолиё сухан гуфт. Франко Фраттинӣ - вазири умури хориҷаи Итолиё, масъалаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ин минтақаро “мушкили аврупоӣ” хонд. Рӯзи панҷшанбе мақомоти итолиёӣ як киштиеро бо панҷ муҳоҷир аз Эритрея пайдо кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо, 73 нафар ҳамроҳашон дар роҳ ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG