Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҷанҷол бар сари раҳоии Миқроҳӣ


Ҷо Либерман - як сенатори баландпояи Амрико, хостори таҳқиқи бетарафонаи қарори Шотландия барои раҳоии бомбгузори Локкербӣ шудааст. Ҷо Либерман ҳамчунин ибрози нигаронӣ кардааст, ки шояд манфиати Бритониё аз нафти Либия сабаби қабули чунин қарор шуда бошад. Сенатор Либерман ба “фарзияҳои такондиҳандаи“ Муаммар Қаззофӣ раҳбари Либия ва писари ӯ ишора кардааст, ки гуфтаанд, раҳоии бомбгузор бо манофеъи Бритониё барои истихроҷи нафти Либия омехта будааст. Ҳукумати Шотландия ҳафтаи гузашта гуфт, ба далели мубталои бемории кушанда будани Абдул Басит Ал-Миқроҳӣ ӯро аз зиндон раҳо кард. Миқроҳиро бо гуноҳи бомбгузорӣ дар ҳавопаймои амрикоӣ дар соли 1988 гунаҳкор дониста ба ҳабси абад маҳкум карда буданд.Дар ин бомбгузорӣ 270 нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG