Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар садади пайвастан ба ISDF


Бонки Исломии Рушд мегӯяд, интизор меравад, Тоҷикистон ба Бунёди исломӣ ҳамраъйӣ барои рушд (ISDF) бипайвандад, ки ҳадафи ин бунёди молӣ, рафъи фақру камбизоатист. Хазинаи мазкур соли 2007 таъсис ёфта ва ҳоло 36 узв дорад. Дар баёнияи расмии ин бонк омадааст, Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба вазорати молия дастур додааст, то барои саҳм гузоштани кишвар дар Бунёди Исломии ҳамраъйӣ барои рушд иқдомоти заруриро биандешад. Тоҷикистон чанде пеш бо имзои ду созишнома аз Бонки Исломии Рушд тақрибан 30 миллион доллар қарзҳои боимтиёз гирифт.
XS
SM
MD
LG