Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиши маргбор дар як кони Украина


Бар асари инфиҷори гази метан дар як кони ангишт дар Украина дасти кам ҳашт ангишткан ҳалок ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузории “Интерфакс” навиштааст, таркиш дар кони Киров дар маҳҳали Макеевко дар наздикии Донетск ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳангоми таркиш 141 нафар аз ангиштканон дар зери кон будаанд ва панҷ нафар аз маҷрӯҳонро барои табобат ба бемористон интиқол додаанд.
XS
SM
MD
LG