Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди Шотландия ба дурустии қарораш


Ҳукумати Шотландия аз қарори худ ҷиҳати раҳоии Абдул Басит Ал-Миқроҳӣ бомбгузори Локкербӣ аз зиндон ҳимоят кард. Озод намудани Миқроҳӣ, ки ба бемории кушандаи саратон мубталост, боиси эътирози Амрико шуд. Ин шаҳрванди Либияро ба бомбгузории ҳавопаймои амрикоӣ дар соли 1988 гунаҳкор дониста ба ҳабси абад маҳкум карда буданд. Дар он бомбгузорӣ бештар аз 200 нафар ҷон доданд. Алекс Салмонд – нахуствазири Шотландия гуфт, таассуфу нороҳатии зиёд дар Амрикоро дарк мекунад, аммо раҳоии Миқроҳӣ бар асоси қонунгузории Шотландия буд, ки иҷоза медиҳад, афроди дар ҳоли маргро аз зиндон раҳо кунанд. Алекс Салмон ба номаи Роберт Мюллер – мудири Эф Би Ай, Идораи федеролии таҳқиқоти Амрико, ҷавоб медод, ки гуфтааст, раҳоии Ал-Миқроҳӣ ба террористон эҳсоси оромиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG