Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии адмирали Амрико аз вазъи Ироқ


Як фармондеҳи аршади Амрико мегӯяд, аз бомбгузориҳои маргбори ахири шаҳри Бағдод, ки 95 кушта бар ҷой гузошт, фавқуллода нигарон аст. Адмирал Майкл Муллен - фармондеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, дар сӯҳбатҳои телевизионаиаш гуфт, суоли муҳим ин аст, оё бомбгузориҳо нишонае аз муноқишаҳои мазҳабӣ дар оянда дар Ироқ аст ё хайр. Рӯзи якшанбе, низомиёни ироқӣ як навори видеоиро намоиш доданд, ки дар он як нафар даст доштанаш дар бомбгузориҳои рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Бағдодро эътироф мекард.
XS
SM
MD
LG