Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамнасли Лоиқу Бозор даргузашт


Субҳи имрӯз, 23-юми август, адиби тоҷик Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аз бемории сактаи дил дар синни 69-солагӣ вафот кард.

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ зодаи деҳаи Баландтари ноҳияи Ховалинг буда, муаллифи чандин маҷмӯаҳои назмӣ ва насрӣ мебошад. Маҷмӯаҳои ӯ бо номҳои «Як шохаи гул», «Даргоҳи деҳқон», «Симои халқ», «Ҳар тори муйи вафоям» ва романи «»Васваса» аз чоп баромадаанд. Айни ҳол, романи дигари адиб бо номи «Талош» иборат аз се қисм омодаи чоп аст.

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ баъди солҳои навадум як муддат сармуҳаррири рӯзномаи дастгоҳи иҷроияи президент «Ҷумҳурият» ва рӯзномаи вилоятӣ буд. Шоҳмузафр Ёдгорӣ ҳамнасли Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор буд.

Имрӯз маросими ҷанозаи ӯ дар мавзеи Сариосиёи шаҳри Душанбе доир гардид.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG