Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чин 5 миллион нафар ба камбуди об рӯ ба рӯанд


Хушксолӣ дар шимоли Чин тақрибан 5 миллион нафарро ба камбуди оби ошомиданӣ рӯ ба рӯ кардааст ва мазореъи сокинон аз камбуди об зарар дидааст. Бино ба иттилоъи Синхуа-хабаргузории расмии Чин, манотиқи осебдида аз вилояти Ҷилини Чин дар шимол шуруъ мешавад ва то ба қаламравҳои Муғулистон мерасад. 8.7 миллион ҳектор заминҳои кишти кишоварзон низ осеб дидааст. Мақомоти расмӣ ҳушдор додаанд, ки дар натиҷаи боришоти кам ва гармои зиёд дар вилоёти ҷанубӣ дар Ҳунан ва дар Ҳубей низ имкони камбуди об дар назар аст.
XS
SM
MD
LG