Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушташудагони Саяно Шушенск ба 69 нафар расид


Бино ба маълумоти таъйидшуда, шумораи афроди кушташуда дар сонеҳаи бузургтарин ниругоҳи барқи обии Саяно Шушенски Русия ба 69 нафар расидааст. 6 нафари дигар ҳамячунон бедарак мебошанд. Рӯзи душанбеи гузашта бино ба мушкилоти фаннӣ хонаи яке аз чархаҳои ниругоҳро об лағат кард ва 100 нафар коргар зери об монданд. Владимир Путин-нахуствазири Русия гуфт, умеде нест, ки афроди бедарак зинда бошанд. Дар имтидоди рудхонаи Енисей барои кӯмак ва поккорӣ ҳудуди 2000 нафар машғули амалиёт мебошанд.
XS
SM
MD
LG