Пайвандҳои дастрасӣ

Рафсанҷонӣ аз Оятуллоҳ Хоманеӣ ҳимоят кард


Бино ба гузоришҳо, Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ-раиси ҷумҳури собиқ ва бонуфузи Эрон аз эрониҳо дархост кардааст, ки аз Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии ин кишвар пайравӣ кунанд. Рафсанҷонӣ, ки рақиби Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури кунунӣ дониста мешавад, ҳамчунин мардумро ба ваҳдат даъват кард. Изҳороти оштиҷӯёнаи рӯзи шанбеи Рафсанҷонӣ бо изҳороти як моҳи пеши вай мухолифат дорад. Вай моҳи июл гуфта буд, ки ҷумҳурии исломӣ дар вазъи бӯҳронӣ қарор дорад.
Рафсанҷонӣ аз собиқадорони инқилоби исломист ва дар интихоботи гузашта аз Мирҳуссейн Мусавӣ-номзади ислоҳталабон ҷонибдорӣ карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG