Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳолии Африқо ба як миллиард расид


Шумори сокинони Африқо ба як миллиард нафар расида, ва ин рақам солона 24 миллион нафар зиёд мешавад, омадааст дар гузориши Оҷонси ҳукуматии амрикоии ЮСАИД.

Дар ин гузориш омадааст, агар таваллуд дар ин қитъа ба ҳамин суръат идома бикунад, аҳолии Африқо дар соли 2050 аллакай як баробар зиёд хоҳад шуд. Дар гузориш омадааст, таваллуд нисбатан дар шимоли Африқо, кишварҳои арабии барои мисол Миср ва Тунис коҳиш ёфтааст, вале дар ҷануби Сахара ҳамоно ба ҳисоби миёна як зан 5,3 тифл ба дунё меовардааст. Серфарзандиро бештар аз ҳама дар Нигер дӯст медоштаанд, ҳар як зани нигерӣ ба ҳисоби миёна соҳиби 7 кӯдак мешудааст.

Сатҳи истифода аз василаҳои пешгирии ҳамл дар Африӯо панҷоҳ дарсад камтар аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ будааст. Синну соли миёна аҳолии Африқо хеле ҷавон аст гуфта мешавад, ва сабаби ин на танҳо таваллуди зиёд, балки ҳамчунин муриши зиёд миёни аҳолии солхӯрда мебошад. Иллати муриши зиёд дар сатҳи пасти хадамоти табобат ва дастрасӣ ба ғизо арзёбӣ гардидааст. Сесад соли охир ғарби Африӯо ба мушкили хушксолӣ гирифтор аст.

Дар гузориш омадааст, гирифторӣ ба СПИД дар Африқо каме коҳиш ёфтааст, вале вазъ ҳамоно асафбор аст ва асафбортарин вазъ дар Свазиленд, як кишвари хурд дар ҷануби Африқост, ки 26 дарсади аҳолии аз 15 сола то 64 солааш мубтало ба СПИД будаанд.
Ба тахмини олимон, ба зудӣ сокини ҳафтмиллиардуми сайёраи Замин низ таваллуд хоҳад шуд. Донишмандон ҳисоб кардаанд, ки ин сокин рӯзи 18-уми октябри соли 2012 таваллуд мешавад.

Ҳоло 6 миллиарду 777 миллион нафар рӯи Замин ба сар мебаранд. Соли 1900 Замин ҳамагӣ каме бештар аз якуним миллиард аҳолӣ дошт. Ҳамакнун, дар 40 соли наздик танҳо дар Осиё якуним миллиард нафар зиёд хоҳад шуд. Дар ин 40 сол пешсафӣ аз ҳисоби шумори аҳолиро Ҳиндустон аз даст Чин хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG