Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаддофӣ: Муносиботи Либия бо Британия беҳбуд меёбад


Муаммар Қаддофӣ-раҳбари Либия мегӯяд, баъд аз раҳоии бамгузори ҳавопаймое бар фарози Локербӣ дар Шотландия дар соли 1988 муносиботи Либия бо Британия беҳбуд хоҳад ёфт. Хабаргузории давлатии Либия бо номи Ҷана аз қавли Қаддофӣ гуфтааст, Қаддофӣ аз Гордон Браун-нахуствазир ва маликаи Британия Елизабет ситоиш кардааст, ки мақомоти Шотландияро барои раҳоии бамгузор Абдул Бассет ал Меграҳӣ ташвиқ кардаанд. Ба гуфтаи Қаддофӣ дӯстии шахсӣ миёни вай ва ин ду раҳбари Британия дар ҳамаи бахшҳои ҳамкории миёни ин ду кишвар асари мусбат хоҳад дошт. Аммо мақомоти Британия мегӯянд, ки Шотландия барои озодии бамгузор мустақилона тасмим гирифтааст. Меграҳӣ барои бамгузории ҳавопаймо ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG