Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги сокини Панҷакент аз тири марзбонони ҳамсоя


Ҷасади сокини 36-солаи ноҳияи Панҷакент, Хайрулло Суюсов, ки пас аз тақрибан як моҳи ҷароҳат аз тири марзбонони узбак ахиран ҳалок шуд, аз Самарқанд ба Панҷакент интиқол шуд. Феълан, ҷасад дар дасти мутахассисон барои ташхиси тиббӣ мебошад.

Суюсов Хайрулло, сокини 36-солаи деҳи Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент рӯзи 22-юми июл талош кардааст, берун аз гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Ургути вилояти Самарқанд марзро ғайриқонунӣ гузарад, вале марзбонони Ӯзбакистон ба сӯи вай тир холӣ кардаанд. Хайрулло бо захми тир ба бемористоне дар Самарқанд интиқол дода шудааст.

Хешовандони Хайрулло гуфтаанд, Хайрулло ба он сӯйи марз ба хотири хариди трактор равона будааст.

Ӯзбакистон ба ҷониби Тоҷикистон дар ин бора хабар надодааст, бо вуҷуди ин ки дар ин бора миёни ҳар ду ҷониб тавофуқоти зарурӣ вуҷуд дорад.

Се рӯзи пеш Хайрулло аз захми тир ҷон додааст ва имрӯз дар бораи ин ҳодиса ҷониби Ӯзбакистон ба хешовандони марҳум хабар додааст, то ҷасади ӯро бигиранд.

Мутахассиси ташхиси тиббии додгоҳии ноҳияи Панҷакент мӯҳтарам Раҳмонов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадро аллакай дар Самарқанд боз карда, ташхис кардаанд. Ӯ гуфт, дар бадани ҷасад ду пайи тир дида мешавад ва бар тибқи хулосаи пешакӣ тир аз як ҷониб зада, даромада, аз ҷониби дигар баромадааст. Ӯ гуфт, хулосаи ташхис дертар такмил ва маълум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG