Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИА интихоботи Афғонистонро умуман одилона медонад


Имрӯз Филиппе Мориллон-раҳбари нозирони интихоботии Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон гуфт, интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар маҷмӯъ хуб ва одилона будааст, вале дар баъзе аз қисматҳои ин кишвар ба сабаби хушунату таҳдидҳо райдиҳӣ озод набудааст. Вай дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, дар баъзе манотиқ Толибон аз сокинон даъват кардаанд, ки интихоботро байкот ва дар райдиҳӣ ширкат накунанд. Ба гуфтаи вай, дар ин рӯз Толибон ҳамлаҳои худро бештар кардаанд, ки дар натиҷаи он шумораи кушташудагон ва захмиҳо афзоиш ёфтааст. Аз сӯи дигар, Мориллон мегӯяд, райдиҳӣ дар маҷмӯъ одилона гузаштааст, зеро нозирони интихоботии онҳо наҳваи баргузории интихоботро хубу одилона арзёбӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, Мориллон мегӯяд ҳанӯз зуд аст, то дар бораи интихоботи рӯзи панҷшанбеи раёсати ҷумҳурӣ ва интихоботи шӯроҳои вилоятӣ баҳои ниҳоӣ дод.
XS
SM
MD
LG