Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тири нахустини Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ


Шаби 23-ум ба 24-уми августи соли 1939 Йоахим вон Риббентроп дар Кремл бо Иосиф Сталин ва вазири корҳои хориҷаи ӯ Вячеслав Молотов мулоқот кард. То бомдоди рӯзи дигар Олмони Гитлерӣ ва Иттиҳоди Шӯравии собиқ, паймони адами таҷовуз ба кишварҳои якдигарро имзо карданд ва ҳамчунин як протоколи махфиро, ки Аврупои Марказиро ба “қаламрави таҳти нуфузи ду тараф” тақсим мекард. Адолф Гитлер аз дидани аҳднома дар дасти вазири умури хориҷа Йоахим Вон Риббентроп медурахшид.

Паймоне, ки номҳои вазирони хориҷаи ду кишварро гирифт, ба Гитлер иҷоза медод, ки озодона бо “мушкили лаҳистониҳо” бархӯрд кунад ва дар сурати зарурат ба зидди шарикони ғарбии Лаҳистон Бритониё ва Фаронса биҷангад ва Шӯравӣ ҳам ҳеҷ дахолате ба ин ҷанг накунад. Аз назари Сталин, паймон барои он зарур буд, то Шӯравии беҳолу бемадори солҳои 30-ум қудрати низомиашро барқарор ва худро барои муқобила ба зӯрнамоии Гитлер омода кунад.

Аммо аҳднома замимаи махфие дошт, ки ба ду диктатор иҷоза медод, Аврупои Шарқӣ ва Шимолиро ба манотиқи таҳти нуфуз тақсим кунанд. Бо вуҷуди он ки бисёриҳо ба мавҷудияти як чунин протокол бовар доштанд, мӯҳтавои дақиқи он то замони поёни ҷанг ба касе маълум набуд. Танҳо баъди хотимаи ҷанг нусхаи аксбардоришудаи он санадро аз бойгониҳои Олмон ёфта ва нашр карданд. Иттиҳоди Шӯравӣ то соли 1989 мавҷудияти ин протоколро рад мекард ва танҳо соли 1991 Русия он санадро аз бойгониаш берун овард.

Як ҳафта баъд аз имзои протоколи Молотов – Риббентроп якуми сентябри соли 1939 Олмон ба Лаҳистон ҳамла ва ҳамин гуна Ҷанги Ҷаҳонии Дуввумро шурӯъ кард. Артиши сурхи Сталин ҳафтдаҳуми сентябр ба манотиқи шарқии Лаҳистон ворид шуд. Моҳи ноябр Шӯравӣ ба Финландия ҳуҷум кард, ки бар асоси протокол бояд таҳти нуфузи он мемонд. Соли 1940 ба зӯрӣ дар кишварҳои Балтик ҳукуматҳои шӯравиро гузоштанд, ки онҳо билофосила хостори пайвастан ба Иттиҳоди Шӯравӣ шуданд. Як моҳ баъд Сталин Бессарабия ва Буковинаи Шимолӣ - қаламравҳои Руминияро ишғол кард. Дар саросари қаламравҳои ишғолӣ Сталин саркӯбии золимонаву қатлу бадарғаҳои дастаҷамъиро анҷом дод. Дар робита ба он ки чӣ гуна ду диктатори золим ба имзои ин санад, расиданд, тавофуқи назар бисёр кам аст. Шӯравиҳо иддаъо мекарданд, ки талош намудаанд, то бо созиш бо қудратҳои ғарбӣ Гитлерро маҳв кунанд, вале Фаронсаву Бритониё ҷавоб намедоданд.

Хабари имзои паймони миёни Гитлер ва Сталин бисёриҳоро ба ҳайрат андохт, зеро Гитлер ба славянҳо нафрат дошт, болшевизмро бад медид ва ҳамчунин борҳо гуфта буд, Олмон ба замину манобеъи манотиқи ғарбии Шӯравӣ зарурат дорад. Гитлер гуфта буд, “агар ман Кӯҳҳои Уралро бо ганҷинаҳои беҳисобу манобеъи хомаш, Сибирро бо бешазорҳои васеъаш ва Украинаро бо киштзорҳои васеъи гандумаш медоштам, Олмон ва Сотсиалистони Миллатгаро дар фаровонӣ шино мекарданд.”

Аммо Гитлер дар як гӯшаи хотирааш ин идеяро ҳам дошт, ки дар ниҳоят муқобила бо Сталин ногузир хоҳад буд. Ин ҷанги ногузир ду сол баъд аз имзои Паймони Молотов-Риббентроп шурӯъ шуд. Шӯравӣ дар ин ҷанги панҷсола талафоти азиме дод, 20 миллион нафар дар ин ҷанг кушта шуданд, ки 14 дар сади аҳолии пеш аз ҷангии Иттиҳоди Шӯравиро ташкил медод. Олмон 9 дар сади аҳолиашро талаф дод. Бо расидани артиши Шӯравӣ ба Олмон идеяи Гитлер доир ба Олмони абарқудрат ба хокистар табдил ёфт, аммо нуфузи Шӯравӣ дар Аврупои Марказӣ як воқеъияти нави геополитикӣ дар минтақа шуд, чизе ки дар рӯзи 23 августи соли 1939 дар паймони Молотов- Риббентроп нақш ёфта буд.
XS
SM
MD
LG